ҶҶ-2018: аккредитатсияи ВАО барои иштирок дар бозиҳои хонагии мунтахаби миллии Тоҷикистон оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

ҶҶ-2018: аккредитатсияи ВАО барои иштирок дар бозиҳои хонагии мунтахаби миллии Тоҷикистон оғоз шуд

Мӯҳтарам кормандони васоити ахбори омма!!! Дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон аккредитатсияи хабарнигоронро барои иштирок дар вохӯриҳои хонагии тими миллии Тоҷикистон дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии интихобии ҶҶ-2018 оғоз мекунад. Қабули дархостҳо то 7 июни соли 2015. Дархостҳое, ки  баъди мӯҳлати муқаррраргардида пешниҳод мегарданд, баррасӣ намешаванд. Аккредитатсияҳои бозиҳои Ҷоми КФО-2015 дар бозиҳои марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 эътибор надоранд.

Дархостҳои худро якҷоя бо як дона расми 3х4 ба почтаи электронии s_faridun@mail.ru ирсол намоед. Дар варақаи дархости номи муассиса (нашриётӣ, интернет-портал, ТВ, радио, фото), ному насаби хабарнигорон, бо рақами телефони онҳо бояд нишон дода шавад.  Дархост бояда аз ҷониби сардабир ва ё муҳаррири шӯъбаи варзиш бо мӯҳри расмии муассиса тасдиқ шавад.

Барои маълумоти иловагӣ бо телефонҳо: 911100014 ва ё  918667387 ба Фаридун Солиев дар тамос шавед. 

Добавить комментарий