ЛФТ замони оғози бозиҳои даври сеюми чемпионати Тоҷикистонро тасдиқ намуд – Федерация Футбола Таджикистана

ЛФТ замони оғози бозиҳои даври сеюми чемпионати Тоҷикистонро тасдиқ намуд

Лигаи футболи Тоҷикистон замони оғози бозиҳои даври сеюми чемпионати кишварро байни дастаҳои лигаи олӣ тасдиқ намуд.

Рӯзи шанбеи 18 апрел ду бозӣ баргузор мешавад. “Душанбе 83” дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат “Файзканд”-и Восеъ ва «Регар-ТадАз” дар “ТАЛКО Арена”-и шаҳри Турсунзода “Истаравшан”- и Истаравшанро қабул мекунад. Ин бозиҳо соати 16:30 оғоз мешаванд.

Рӯзи якшанбеи 19 апрел бошад се бозии боқимондаи даври навбатӣ доир мешавад. Дар ин рӯз “Кӯктош”-и Рӯдакӣ бозии навбатии хонагии худро муқобили “Хуҷанд” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе мегузаронад. Оғози вохӯрӣ соати 16:00.

“Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо “Хатлон”-и Бохтар вомехӯрад. Оғози ин бозӣ соати 19:00 муқаррар шудааст.

Ҳамзамон дар бозии дигари ин давр дастаҳои КМВА ва “Локомотив-Помир” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор рақобат мекунанд. Ин бозӣ ҳам соати 19:00 шуру мешавад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

18 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:30

«Душанбе-83» – «Файзканд»

Ваҳдат, Варзишгоҳи марказӣ

 

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан»

Турсунзода, Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

 

19 апрел (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

«Кӯктош» – «Хуҷанд»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Оғози бозӣ соати 19:00

«Истиқлол» – «Хатлон»

Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Оғозӣ бозӣ соати 19:00

КМВА – «Локомотив-Помир»

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед