ЛФТ санаи баргузории бозиҳои 1/4 финали Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро муқаррар кард – Федерация Футбола Таджикистана

ЛФТ санаи баргузории бозиҳои 1/4 финали Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро муқаррар кард

Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои марҳилаи 1/4 ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро муайян намуд.

Рӯзи шанбеи 11-уми сентябр, «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дастаи «Хатлон»-и Бохтарро қабул мекунад. Ду бозии дигари марҳилаи 1/4 ниҳоии мусобиқа рӯзи якшанбеи 12-уми сентябр баргузор хоҳанд шуд, ки дар онҳо «Истаравшан» дар майдони худ бо «Эсхата» ва КМВА бо «Равшан»-и Кӯлоб рақобат мекунанд.  Вақти шурӯъи бозиҳо – соати 15:45.

Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии вохӯриҳо ду қисми иборат аз 15 дақиқагӣ таъин мешавад. Агар вақти изофӣ ҳам мусовӣ анҷом ёбад, ғолиб тибқи қоидаҳои ҷории ФИФА аз рӯи силсилазарбаҳои пегалти маълум мегардад.

 

Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021

1/4 финал

11 сентябр (шанбе)

Оғоз соати 15:45

«Хуҷанд» – «Хатлон»

 

12 сентябр (якшанбе)

Оғоз – соати 15:45

«Истаравшан» – «Эсхата»

КМВА – «Равшан»

Назари худро бинависед