Қисмати дуюми курси мураббиёни довталаби муҷаввизи «С» анҷом ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Қисмати дуюми курси мураббиёни довталаби муҷаввизи «С» анҷом ёфт

Модул ва ё қисмати дуюми курси мураббиёни доваталаби муҷаввизи “С”-и Конфедератсияи футболи Осиё анҷом ёфт.

Курси мазкурро дастурдиҳандаи КФО Боир Игамбердиев робарӣ намуд. Ба ӯ дастурдиҳандаи ФФТ, мураббии дарвозабонҳои дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 солаи Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев ба ҳайси ёвар кӯмак расонд. Модули дуюми курси мазкур аз 1 то 7 январ дар шаҳри Душанбе баргузорт гашт.

Дар курс 20 нафар мураббиёни дастаҳои кӯдакону наврасон, аз ҷумла Марҷона Файзуллоева, Зулайхо Сафарова, Лайло Ҳалимова, Беназир Ҷумахонзода, Сабрина Одинаева, Фатҳулло Бобоев, Камол Ҳамзаев, Шоҳин Боев, Неъматулло Тошев, Комилҷони Боймурод, Хуршед Раҳимзода, Муҳсин Косимов, Сорбон Авғонов, Диёрбек Нормуратов, Шӯҳрат Ашӯрзода, Абдувалӣ Атаханов, Фарзод Касиров, Руслан Абдулмавлонов, Сайдамири Сайдаҳмад ва Наврӯз Абдураҳмонов иштирок доштанд.

Барномаи таълимии курс аз машғулиятҳои амаливу назариявӣ иборат буд ва дар ҷамъбаст шунавандагон аз рӯи дониши азбаркардаашон имтиҳон супордиданд.

Назари худро бинависед