Имрӯз дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 дастаҳои “Хатлон” ва “Истиқлол” вомехӯранд – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 дастаҳои “Хатлон” ва “Истиқлол” вомехӯранд

Имрӯз, 20 феврал, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 баргузор мешавад. Мусобиқаи имсолаи  ҷашнӣ буда, бори даҳум аст, ки баргузор мешавад.

Дар бозии ҳалкунанда дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар ва “Истиқлол”-и Душанбе вомехӯранд. Бозӣ соати 15:00 оғоз меёбад.

Бозӣ барои ҷои сеюм байни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бошад, соати 11:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо мешавад.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқа барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон аз соли 2012 то ин дам баргузор мешавад ва он мусобиқаи анъанавии гиромидошти хотираи Рустам Долтабоевро иваз намуд. Аввалин ғолиби Ҷоми ФФТ дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода мебошад.

 

Ҷоми ФФТ-2021

20 феврал (шанбе)

Бозӣ барои ҷои сеюм

Оғози бозӣ – соати 11:00

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ»

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Бозии ниҳоӣ

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Хатлон» – «Истиқлол»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Ҳамаи бозиҳои Ҷоми ФФТ (2012-2021):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзодаа) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Бо пеналти – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

2019 – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2

2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – ???

Назари худро бинависед