“Хуҷанд” мавқеашро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

“Хуҷанд” мавқеашро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам мекунад

Барномаи даври сездаҳуми чемпионати футболи Тоҷикистон бо бозии миёни “Хуҷанд” – “Регар-ТадАЗ” ҷамъбаст шуд. Дастаи соҳили Сирдарё дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд чемпиони ҳафткаратаи мамлакат “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро қабул карда, бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб сохт.

Голҳои задаи Дилшод Бозорову Фарҳод Тоҳиров се имтиёзи қимматро насиби командаи Нумонҷон Юсупов гардониданд. Як голи металлургҳоро ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Комил Саидов ба самар расонд.

Баъди ин ғалаба “Хуҷанд” бо 30 имтиёз мавқеашро дар ҷадвали чемпионат мустаҳкамтар сохт. “Регар-ТадАЗ” бо 23 имтиёз дар мақоми чорум қарор дорад. Металлургҳо нисбат ба чемпиони дукаратаи Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа аст, ҳамагӣ се имтиёз камтар доранд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 13-ум

«ХУҶАНД» – «РЕГАР-ТАДАЗ» – 2:1

ГолҳоДилшод Бозоров, 38 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 88 (2:0). Комил Саидов, 90+2 (2:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Валерий Кашуба, Комрони Мирзохон, Фирӯз Бобиев, Соҳиб Ҳакимов, Дилшод Каримов, Ҷаҳонгир Алиев, Ҷаҳонгир Эргашев (Ҳоҷибой Зиёев, 90+1), Иброҳим Рабимов, Бахтиёр Чориев, Дилшод Бозоров, Фарҳод Тоҳиров (Руслан Раҳматов, 88).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Далерҷон Тухтасунов, Ойбек Абдуғаффоров, Фаррух Чориев (Нумон Зокиров, 85), Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов, Фаридун Шарипов, Нозим Бобоҷонов, Фирӯз Қараев (Музаффар Сироҷиддинов, 78), Комрон Турсунов, Комил Саидов.

Огоҳонида шуданд: Иброҳим Рабимов, Фарҳод Тоҳиров, Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Фаридун Шарипов («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).

13 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи  «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 6000 тамошобинон.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 13 12 1 0 49-2 37
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 13 9 3 1 26-9 30
3 «Равшан» (Кӯлоб) 13 8 2 3 30-22 26
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 13 6 5 2 19-10 23
5 «Хайр» (Ваҳдат) 13 6 3 4 17-23 21
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 13 5 2 6 9-14 17
7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 13 3 3 7 14-22 12
8 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 13 2 2 9 10-23 8
9 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 13 1 4 8 4-25 7
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 13 0 1 12 3-31 1

Нишонзанҳо: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 15 гол, Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 14 гол, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 8 голӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (КМВА «Помир») – 5 голӣ.

 

Дар даври навбатӣ вомехӯранд:

26 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:00

«Барқи тоҷик» – «Хайр»

«Далерон-Уротеппа» – «Хуҷанд»

«Равшан» – «Истиқлол»

27 сентябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:00

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»

КМВА «Помир» – «Парвоз»

Добавить комментарий