«Хуҷанд» аз идомаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон-2020 берун шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Хуҷанд» аз идомаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон-2020 берун шуд

Ҷоизадори медалҳои нуқраи мавими футболи соли гузаштаи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ – дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд аз идомаи мусобиқа барои Ҷоми имсолаи кишвар маҳрум шуд. Дар бозии якуми худ зери роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов дар марҳилаи якҳаштниҳоии мусобиқа футболбозони дастаи соҳили Сирдарё аз “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби бузурги 3 бар 0 шикаст хӯрданд.

Голҳои задаи  Мбеке Деудоне Сиебатчеу, Муҳиддин Одилов ва Муҳаммадшарифи Саидхӯҷа ғалабаи дастаи ноҳияи Рӯдакиро таъмин карда, ба дастаи  Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба даври навбатии мусобиқа роҳ кушоданд.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода низ дар ин даври мусобиқа ба ғалаба ноил гашт. Металлургчиён дар сафар ба дастаи “Душанбе-83” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 мағлуб сохтанд. Голи ягонаи дастаи ғолибро Расул Пайзов зад.

Ба бозиҳои якчорниҳоии Ҷоми миллӣ, инчунин “Хатлон”-и Бохтар роҳ ёфт. “Хатлон” дар сафар бар “Файзканд” бо ҳисоби 2 бар 1 пиоӯз шуд. Голи дар қисмати иловашудаи бозӣ задаи Умарҷон Шарипов “Хатлон”-ро бо даври баъдии мусобиқа баровард. Вақти асосии ин вохӯрӣ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2020

1/8 финал

«Душанбе-83» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1

Гол: Расул Пайзов, 8.

«Душанбе-83» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Алишер Эргашев, Изатулло Рӯзиев, Парвизҷон Ҳомидов, Аъзамҷон Муродов, Дилшод Расулов, Колинс Адухене (Идрис Амину, 55), Агблей Ҷонс, Хуршед Абдуллоев, Элчибек Рашидбеков, Фарҳод Қосимов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Доробҷон Эргашев, Фирӯз Қараев, Шерзод Маҳамадиев (Ҷамолиддин Зардиев, 76), Парвиз Бахтиёрзода, Расул Пайзов, Акбари Шелдари Ораш, Фарҳодҷон Холбеков (Оятулло Сафаров, 40), Азизбек Ҳаитов (Самандар Қудратзода, 83), Нозим Бобоҷонов, Диловаршо Ғаниев.

Огоҳонида шудандАъзамҷон Муродов, Дилшод Расулов, Парвизҷон Ҳомидов, Назиршо Ризомов («Душанбе-83»), Диловаршо Ғаниев, Ҷамолиддин Зардиев, Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон хориҷ шуд: Парвиз Бахтиёрзода («Регар-ТадАЗ»), 83 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣРасул Пайзов («Регар-ТадАЗ»).

СардоварБеҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Диловаршо Орзуев (Ҳисор).

Комиссари бозӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).

1 август. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Файзканд» – «Хатлон» – 1:2

Голҳо: Анвар Муродов, 14 (1:0). Парвиз Боқиохунов, 85 (1:1). Умарҷон Шарипов, 111 (1:2).

«Файзканд» (Восеъ): Иброҳим Исмоилов, Далерҷон Тухтасунов, Джозеф Феумба, Фахриддин Сафарзода, Самандар Шарипов, Ҳоҷиакбар Узоков, Ҷасур Қурбонов (Ҷамшед Муродов, 79), Маҳмадалӣ Содиқов, Шарафҷон Солеҳов (Вайсиддин Сафаров, 53), Аббос Икромов (Дилшод Баратов, 63), Анвар Муродов.

«Хатлон» (Бохтар): Куайе Годсон, Ҳусейн Нурматов, Фирдавс Алиназаров (Саидшо Бозоров, 81), Равшан Азизов, Муҳаммад Насков, Сорбон Авғонов, Умарҷон Шарипов, Сафиолоҳи Назарзода, Худойдод Узоқов (Комрон Исмоилов, 63), Парвиз Боқиохунов, Сунатулло Исмоилов.

Огоҳонида шудандҶжасур Қурбонов, Дилшод Баратов, Фахриддин Сафарзода, Ҷамшед Муродов («Файзканд»), Равшан Азизов, Муҳаммад Насков, Саидшо Бозоров («Хатлон»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣУмарҷон Шарипов («Хатлон»).

СардоварСайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доваронРустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣПарвиз Одинамаҳмадзода (Душанбе).

1 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 0:3

ГолҳоМбеке Деудоне Сиебатчеу, 30 (0:1). Муҳиддин Одилов, 82 (0:2). Муҳаммадшарифи Саидхӯҷа, 90+1 – аз пеналти (0:3).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Муҳриддин Ҳасанов, Фирдавс Чақалов, Хуршед Бекназаров, Сироҷ Ҳамроев (Алишер Баротов, 46), Наимҷон Ибрагимзода (Манучеҳр Ахмедов, 84), Ойбек Абдуғаффоров, Абдулмумин Забиров (Эҳсон Бобоев, 46), Санҷар Рихсибоев (Амирҷон Сафаров, 60), Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров (Тоҳир Малодӯстов, 46).

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Қурбоналӣ Бобоев, Аҳтамҷон Холбоев (Фаррухҷон Абдураҳмонов, 71), Принс Артур (Муҳаммадҷон Раҳмонов, 90+1), Холмурод Назаров, Эраҷ Раҷабов, Муҳаммадшарифи Саидхӯҷа, Бунёд Шодиев, Муҳиддин Одилов, Далер Ёдгоров (Собирҷон Холматов, 89), Муҳсинҷон Абдуғаффоров, Мбеке Деудоне Сиебатчеу.

Огоҳонида шуданд: Дилшод Бозоров, Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»), Эраҷ Раҷабов («Кӯктош»).

Аз майдон хориҷ шудМбеке Деудоне Сиебатчеу («Кӯктош»), 90+4 – барои бо пой задани ҳариф.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣМуҳаммадшарифи Саидхӯҷа («Кӯктош»).

СардоварНасим Ҳамидов (Душанбе).

Нозири доваронРавшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣАбдулло Соқиев (Душанбе).

1 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

Назари худро бинависед