Доварони Тоҷикистон дар Турсунзода ҷамъомади таълимию тамринӣ мегузаронанд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони Тоҷикистон дар Турсунзода ҷамъомади таълимию тамринӣ мегузаронанд

Дар шаҳри Турсунзода ҷамъомади омӯзишиву машқии дуҳафтаинаи доварони хизматрасони мусобиқаҳои Лигаи футболи мамлакат шуруъ шуд.

Ҷамъомадро Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор намудаст ва дар он 15 нафар довар ва ҳамин қадар кас кӯмакдовар иштирок мекунанд, ки инҳо доварон: Хуршед Дадобоев, Гулмуроди Саъдулло, Абдулло Давлатов, Насим Ҳамидов, Беҳруз Муртазоев, Сайвалӣ Турдиев, Амирҷон Хоркашев, Рустам Нурматов, Наврӯз Воҳидов, Бахтиёр Комилов, Шаҳбоз Зардов, Сорбон Фозилзода, Қурбонмурод Шарипов, Хайриддин Мачитиев, Сафаралӣ Маҳмадизода, инчунин кӯмакдоварон – Ҷаҳонгир Зайниддинов, Фарҳод Куралов, Вафо Қараев, Исмоил Нуралиев, Шарифбек Нуруддинов, Комил Раҳмонов, Ҷӯрабек Содиқов, Исломҷон Холиқов, Холмурод Абдусаломов, Ғайрат Рӯзибоев, Наимҷон Мансуров, Масъуд Раҳимов, Ҳамза Шоймардонов, Ҳасан Каримов ва Рустамбек Хуҷаев мебошанд.

Доварон дар баробари омӯзиши назариявӣ, тағйироти нави қоидаҳои бозиро омӯхта, инчунин тамринҳои тарбияи баданӣ низ мегузаронанд. Дастурдиҳандаи донишҳои назариявии ин чорабинӣ узви кумитаи доварони Федератсия, рефери собиқи ФИФА Равшан Ишматов ва дастурдиҳандаи фитнесӣ бошад, варзишкори маъруфи собиқи варзиши сабук Аҷмал Амиров мебошанд. Ҳамоҳангсози ҷамъомад сардори шӯъбаи доварон ва нозироти ФФТ Рустам Абдуллоев

аст.

Инчунин, довари собиқи ФИФА, дастурдиҳанда Владислав Тсейтлин аз Узбекистон барои гузаронидани дарсҳо ба доварони тоҷик даъват шудааст ва ӯ аввали моҳи март ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ мепайвандад.

Ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Турсунзода, ки то 8 март идома хоҳад кард, яке аз марҳилаҳои омодагии доварони тоҷик ба мавсими нав аст. Мавсими нав дар лигаи олии кишвар аввали моҳи апрел оғоз мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъомади таълимиву тамринӣ панҷ ҳайат доварон барои хидматгузории бозиҳои мусобиқаи пеш аз мавсимӣ, ки барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон, аз 9 то 19 март, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор мешавад, интихоб карда мешаванд.

Назари худро бинависед