Даври семи чемпионати Тоҷикистон-2020 рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Даври семи чемпионати Тоҷикистон-2020 рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор мешавад

Рӯзҳои шанбе ва якшанбеии ҳафтаи ҷорӣ бозиҳои даври сеюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешаванд.

Рӯзи шанбеи 18 апрел дар Варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат ду дастаи дебютанти чемпионати исола – “Дешанбе-83” ва “Файзканд” вомехӯранд. Инчунин, дар ин рӯз “Регар-ТадАз” дар “ТАЛКО-Арена” -и шаҳри Турсунзода “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшанро қабул мекунад. Ҳарду бозӣ соати 16:30 оғоз мешаванд.

Се бозии дигари даври сеюм рӯзи якшанбеи 19 апрел баргузор хоҳад шуд. Дар ин рӯз “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҷоизадори медалҳои нуқраи мавсими футболи соли гузашта – “Хуҷанд”-и Хуҷанд рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 16:00 оғоз меёбад. Соати 19:00 бошад дар ҳамин майдон “Истиқлол” бо “Хатлон” вомехӯрад. Мустақиман бо ин бозӣ, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаҳои КМВА ва “Локомотив-Помир” вомехӯранд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

8 апрел (шанбе)

Оғози бозӣ соати 16:30

«Душанбе-83» – «Файзканд»

Ваҳдат, Варзишгоҳи марказӣ

 

Оғози бозӣ соати 16:30

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан»

Турсунзода, Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

 

19 апрел (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

«Кӯктош» – «Хуҷанд»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Оғози бозӣ соати 19:00

«Истиқлол» – «Хатлон»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Оғози бозӣ соати 19:00

КМВА – «Локомотив-Помир»

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед