Ба ҳайати ҷавонони «Хатлон» медалҳо тақдим шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ба ҳайати ҷавонони «Хатлон» медалҳо тақдим шуданд

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупории ҳайати ҷавонони дастаи “Хатлон” баргузор шуд.

Дар ҷамъбасти натиҷаҳои мавсими футболи соли гузашта, дастаи ҷавонони «Хатлон» дар мусобиқаи қаҳрамонӣ байни ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олии кишвар мақоми севумро касб кард. Ҳайати ҷавонони “Хатлон” мунтазам ба сегонаи беҳтарин дар ин мусобиқа шомил мешавад. Қаблан, ҳайати ҷавонони “Хатлон” дар мавсими футболи соли 2019, ғолиби мусобиқаи мазкур шуда аст.

Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ба футболбозон ва ситоди мураббиёни ҳайати ҷавонони “Хатлон” медалҳои биринҷии мусобиқаро тақдим карда, дастаро бо бозии шоистааш дар лигаи ҷавонон табрик гуфт ва дар мавсими нав барору комёбӣ таманно намуд.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ба раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода барои дастгирии ҳамаҷонибаи дастаи футболи “Хатлон” номаи сипосгузорӣ супурд.

Назари худро бинависед