Клуби футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки дар даври ифтитоҳии чемпионати имсолаи Тоҷикистон бо чемпиони феълӣ «Истиқлол»-и Душанбе рӯбарӯ мешавад, айни замон зери роҳбарии сармураббӣ Нумонҷон Юсупов дар шаҳри Норак ҷамъомади таълимӣ-машқӣ мегузаронад.
Дар доираи ин омодагӣ рӯзи якшанбеи 5-уми апрел шогирдони Нумонҷон Юсупов бо «Барқ»-и Норак бозии санҷишӣ гузарониданд. Бозӣ бо ҳисоби бузурги 8 бар 0 ба фоидаи футболбозони дастаи соҳили Сирдарё анҷом шуд. Се голи хуҷандиҳоро бозигари нави даста Дилшод Бозоров, ду голро Фарҳод Восиев ва як голиро Ҷаҳонгир Алиев, Аҳтам Ҳамроқулов ва Иброҳим Рабимов ба самар расониданд.
«Хуҷанд» бо чунин ҳайати аввалӣ ба майдон баромад: Валерий Кашуба, Сергей Абрамов, Манучеҳр Ахмедов, Комрони Мирзохон, Соҳибҷон Ҳакимов, Фирӯз Бобиев, Бахтиёр Чориев, Иброҳим Рабимов, Ҷаҳонгир Алиев, Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров.
Дар давоми бозӣ бошад, Абдуазиз Маҳкамов, Сафаралӣ Каримов, Дилшод Бозоров, Дилшод Каримов ва Ҷалол Деҳқонбоев бозигарони ҳайати аввалиро иваз намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии ифтитоҳии чемпионати Тоҷикистон-2015 «Хуҷанд» дар сафар бо «Истиқлол»-и Душанбе вомехӯрад. Ин бозӣ рӯзи панҷшанбеи 9 апрел, соати 17.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.