Сармураббии мунтахаби футболбоздухтарони то синни 14-солаи Тоҷикистон Зебо Гасимова таъин шуд. Ӯ дастаро ба чемпионати минтақавии Осиё байни мунтахабҳои футболбоздухтарони то синни 14-солаи минтақаҳои Осиёҳои Ҷанубӣ ва Марказӣ омода мекунад.
Ба иттилои Зебо Гасимова, ӯ иҷозатномаи мураббигарии дараҷаи «С»-и Конфедератсияи футболи Осиёро дошта, мунтахаби футболбоздухтарони то синни 14-солаи Тоҷикистон омодагиро ба чемпионати минтақавии Осиё-2016 моҳи феврал оғоз хоҳад кард. Дар доираи ин омодагӣ баргузории бозиҳои санҷишии даста низ ба нақша гирифта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки чемпионати минтақавии Осиё байни духтарони то синни 14-сола дар минтақаи Осиёҳои Ҷанубӣ ва Марказӣ аз 18 апрел то 1 май дар Тоҷикистон доир мешавад. Бозиҳо дар майдонҳои футболбозии варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт ва Академияи «Истиқлол» дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор доир хоҳанд шуд. Дар мусобиқа иштироки мунтахабҳои футболбоздухтарони то синни 14-солаи Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдив, Непал ва Шри-Ланка дар назар дошта шудаст.