Дар арафаи бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “С”, ки ба он мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон, Ироқ, Туркманистон ва Қатар шомиланд, дар конфронс-толори меҳмонхонаи “Wyndham Grand Regency”дар Доха нишасти хабарӣ баргузор шуд. Дар ин нишасти хабарӣ сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зйниддин Раҳимов ва капитани даста Далер Ёдгоров ширкат карданд.
Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон:
– Барои иштирок дар марҳилаи интихобии ин мусобиқа мо бештар аз ним сол омодагӣ мегирем. Дар ин давра дар ду сабқати байналмилалӣ дар Ҷопон ва Қазоқистон ширкат кардем. Ин ба он маънист, ки бачаҳои мо таҷрибаи иштирок дар бозиҳои байналмилалиро доранд. Гурӯҳе, ки мо ба он шомил ҳастем хеле мураккаб аст, аммо кӯшиш мекунем аз гурӯҳ баромда соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё гардем. Мо дар назди худ ҳамин вазифаро гузоштем. Ба бозии аввал бисёр чизҳо вобастагӣ доранд. Пагоҳ бозӣ бо мунтахаби Ироқ душвор мешавад, аммо мо ҷаҳд мекунем, ки натиҷаи дилхоҳро соҳиб шавем.
Далер Ёдгоров, капитани мунтахаби наврасони Тоҷикистон:
– Мо ба Доха танҳо бо мақсади ғолиб шудану ишғол кардани зинаи якум ва ба даст дароварди роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё омадем. Аз оне ки бозиҳо дар ин ҷо дар майдони сабзааш маснӯӣ доир мегарданд, ҳеҷ мушкиле надорем, зеро ки мо ба майдони сабзааш маснӯӣ кайҳо одат кардем. Мо ба ҳамаи дастаҳо эҳтиром дорем, аммо аз онҳо намеҳаросем. Мо дар ҳар бозӣ барои натиҷаи дилхоҳро соҳиб шудан талош хоҳем кард.