Зайниддин Раҳимов: “Мо аз ин бозӣ натиҷаи хубро интизор доштем…” – Федерация Футбола Таджикистана

Зайниддин Раҳимов: “Мо аз ин бозӣ натиҷаи хубро интизор доштем…”

Сармураббии мунтахаби наврасони зери 16 солаи Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов бохти дастаашро дар бозии даври ифтитоҳии  марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “С” аз мунтахаби наврасони Ироқ (1:3) чунин шарҳ дод:

“Мо аз ин бозӣ натиҷаи беҳтарро интизор доштем, аммо мутаассифона онро ба даст дароварда натавонистем. Бозӣ бисёр душвор шуд, зеро рақибамон дастаи пурқувват буд. Ин бозии авваллини мо дар марҳилаи интихобӣ буд ва бозигаронамон то андозае асабӣ шудаву ба ҳаяҷон омаданд. Дар ним соати аввал бозии худро ба танзим дароварда натавонистанд, аммо баъд ҳаяҷони худро бартараф карданд. Ба задани пеналти ҳуқуқ пайдо карданд, вале мутаассифона онро амалӣ карда натавонистанд. Бо вуҷуди ин ҳисоби бозиро аввалӣ шуда мо кушодем. Фаридун Неъматов аз масофаи дур бо зарбаи сахт ба задани голи бисёр зебо муваффақ шуд. Мутаассифона дар охири қисми якуми бозӣ ба наврасони мо дастҷамъӣ нарасид ва ду голро худи онҳо ба дарвозаи даста оварданд. Фикр мекунам, ки мунтахаби Ироқ аз лиҳози тактикӣ бар мо пирӯзӣ ёфт. Новобаста ба бохти имрӯза, мо рӯҳафтода намешавем ва то охир мубориза хоҳем кард. Барои ин мо имконият дорем ва кӯшиш мекунем, ки соҳиби роҳхат ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2016 шавем”, – гуфт Зайниддин Раҳимов дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ.

Добавить комментарий