Имрӯз, 26 феврал, яке аз шинохтатарин ва маъруфтарин ситораҳои футболи тоҷик, Мураббии шоистаи Тоҷикистон, Владимир Алексеевич Ғуломҳайдаров ба синни 70 солагӣ расиданд.
Владимир Алексеевич (Алишоевич) Ғуломҳайдаров 26 феврали соли 1946 дар Душанбе таваллуд шудааст. Футболбоз (ниммуҳофиз) ва тренери тоҷик. Устоди варзиши ИҶШС (1968). Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991).
Ғуломҳайдаров тарбиятгирифтаи футболи тоҷик аст. Аввалин мураббияш В. Борисенко буд. Соли 1964 барои бори аввал дар ҳайати «Энергетик»- Душанбе бозӣ кардааст. «Энергетик» баъдтар ба «Помир»-Душанбе тағийри ном кардааст. Дебюти Ғуломҳайдаров дар футболи калон санаи 5 апрел муқобили СКА Новосибирск гузаштааст.
Соли 1968 Ғуломҳайдаровро ба ҳайати мунтахаби олимпии ИҶШС даъват карданд. ӯ давоми ду сол дар 8 бозӣ иштирок карда 3 гол задааст.
Мавсими футболи соҳои 1969 ва 1970 дар ҳайати «Тарпедо»-и Москва дар лигаи олии ИҶШС баромад намуд. Дар ҳайати «Торпедо» Ғуломҳайдаров 19 бозӣ гузаронида 3 гол задааст. Соли 1971 боз ба «Помир» баргашта, дар лигаи якуми чемпионати ИҶШС баромад кард. Дар ҳайати «Помир» Ғуломҳайдаров голҳои зиёд задааст. Дар даста зарбаҳои пеналтиро асосан ӯ иҷро мекард.
Ғуломҳайдаров соли 1978 ба кори мураббигарӣ гузашт. Мактаби олии тренериро тамом карда, ба ҳайси ёвари сармураббӣ дар «Помир» фаъолият намуд. Моҳи июли соли 1981 сармураббии «Помир» таъин шуд. Моҳи июни соли 1993 бошад, ӯро дар ин вазифа Юрий Сёмин иваз кард. Баъд аз чанд муддат Ғуломҳайдаров «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро қабул карда то охири соли 1991 дар он ҷо фаъолият кард. Соли 1992 боз ба ҳайси мураббӣ ба «Помир» баргашт.
Соли 1994 сармураббии тими миллии Тоҷикистон буд. Миёнаҳои солҳои 90-ум Ғуломҳайдаров ба Қазоқистон рафт. Соли 1996 сармураббии «Батир»- Экибастуз таъи шуд.
Аз соли 1999 дар «Ғайрат» ба ҳайси ёвари сармураббӣ фаъолият намуда, ҳайати ҷавонони дастаро тамрин мекард. Соли 2003 сармураббии даста таъин шуд, амо дар моҳи июл ба истеъфо рафт. Аз июли соли 2003 сармураббии «Тараз» таъин шуд. Баъд аз анҷоми мавсими футбол боз ба «Ғайрат» баргашта солҳои 2004-2005 ба ҳайси мураббӣ фаъолият намуд.
Соли 2006 ба ҳайси мураббӣ-мушовир дар дастаи «Жетису» фаъолият намуда, ба даста барои ба дивизиони олии футболи Қазоқистон баромаданаш кӯмак намуд. Инчунин соли 2006 дар дастаи «Мегаспор» (Алмато) низ кор кардааст. Соли 2008 дар ин даста ба ҳайси мураббӣ ва аз моҳи июн бошад дар вазифаи сармураббӣ фаъолият кардаст. Соли 2009 дар «Локомотив»-и Остона ба ҳайси мураббӣ кор кардаст. Соли 2012 мураббӣ-консултант ва баъдтар сармураббии клуби «Сункар»-и Каскелен шуд.
Айни ҳол дар нафақа. Оиладор. Бо аҳли оилааш дар Алмато зиндагӣ мекунад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон Владимир Алексеевичро ба ҷашни малудашон самимона табрик мекунад! Ба соҳибҷашн саломатӣ, хонаи ободӣ, вақти хуш ва беҳтарин хушиҳои рӯзгорро тамонно дорем!!!