Собиқ муҳофизатгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Виталий Левченко, ки дар тими миллӣ Ҳаким Фузайловро ёварӣ мекунад, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то сини 19-солаи Тоҷикистон таъин шуд.
Левченко мунтахаби ҷавонони то синни 19-солаи Тоҷикистонро ба бозиҳои марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016, ки аз 13 то 30 октябр дар давлати Баҳрайн баргузор хоҳад шуд, омода менамояд. Ӯро дар ин кор Рустам Хоҷаев ва Алишер Тухтаев кӯмак мекунанд. Вазифаи мураббии дарвозабонҳои дастаро бошад, Амоншо Содатсайров ба зима дорад.
Сармураббии нави мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Виталий Левченкои 44 сола таҷрибаи фаъолият дар дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Украинаро дорад. Виталий Левченко бо дастаи мунтахаби ҷавонони то синни 20 солаи Украина дар чемпионати ҷаҳон-2015 дар Зеландияи Нав иштирок намудаст. Дар ин мусобиқа дастаи Украина то бозиҳои 1/8 финали расид. Левченко, инчунин ба ҳайси ёвари сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то сини 17-солаи Украина дар чемпионати Аврупо байни наврасон, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Озарбойҷон баргузор шуд, иштирок дошт.
Марҳилаи аввали омодигии худро ба ин сабкати бонуфузи байналмилалӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз 1-уми июл дар шаҳри Норак шурӯъ мекунад. Ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ даҳ рӯз идома ёфта, рӯзи 12-уми июл бозии санҷишӣ-дӯстонаи дастаи мо бо мунтахаби ҷавонони то синни 21 солаи Қирғизистон доир хоҳад шуд.
Баъд аз ин, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон охири моҳи июл ҷамъ шуда, ҷамъоамади омӯзишӣ-машқии навбатияшро мегузаронад. Аз 5 то 12 август бошад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ байни дастаҳои мунтахаби то синни 19-солаи кишварҳои узви Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ иштирок мекунад. Ин мусобиқа дар Тошканди Узбекистон доир мешавад.
Пеш аз чемпионати Осиё-2016 дар давлати Баҳрайн бошад, мунтахаби ҷавонони тоҷик ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар яке аз кишварҳои араб хоҳад гузаронд.
Ёдрас мешавем, ки дар чемпионати Осиё-2016 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» баромад мекунад. Рақибони мунтахаби мо дар ин гурӯҳ мунтахабҳои Узбекистон (14 октябр), Хитой (18 октябр) ва Австралия (21 октябр) мебошанд.
Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои чорякфинали мебароянд. Дар чемпионати Осиё-2016 дар Баҳрайн чор роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати ҷаҳон-2017 ба Кореяи ҷанубӣ бозӣ доронда мешавад. Дар сурати дар Манама ба марҳилаи ниҳоии чемпионати ҷаҳон-2017 баромадни мунтахаби Кореяи ҷанубӣ, он гоҳ дастаи дар ин мусобиқа зинаи панҷумро ишғолкарда ба чемпионати ҷаҳон-2017 роҳхат мегирад.