Ҳусейн Шодиев: «Имконияти баромадан аз гурӯҳро дорем» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳусейн Шодиев: «Имконияти баромадан аз гурӯҳро дорем»

Сармураббии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Ҳусейн Шодиев натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016-ро шарҳ дода, аз ҷумла қайд намуд, ки мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон имконияти баромадан аз гурӯҳро дорад. Мувофиқи натиҷаи қуръакашӣ дружинаи Ҳусейн Шодиев дар гурӯҳи «С» бо мунтахабҳои футзали Таиланд, Ветнам ва Тайбэйи Чин рақобат мекунад.

«Мо ба гурӯҳи бисёр аҷиб афтодем. Фикр меунам, ки мунтахаби Таиланд на танҳо дар гурӯҳи мо, балки дар марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016 фаворит аст. Се дастаи боқимонда –  Тоҷикистон, Ветнам ва Тайбэйи Чин имконияти баробари соҳиб шудани ҷои дуюм дар гурӯҳро доранд. Бо мунтахаби футзали Ветнам мо дар охирин чемпионати футзали Осиё рақобат кардем. Бисёр дастаи пурқувват аст. Футзалистони Ветнам ягона дастае мебошанд, ки ба дарвозаи мунтахаби футзали Эрон чор гол заданд. Бо Тайбэйи Чин бошад, дастаи мо соли 2012 дар чемпионати футзали Осиё дар Дубай рӯбарӯ шуда буд. Дар он бозӣ мо бо ҳисоби 6 бар 4 пирӯз шудем. Дастаи пурқувват аст.

Чунин мешуморам, ки мунтахаби футзали Тоҷикистон имконияти баромадан аз гурӯҳ ва соҳиб шудани роҳхат ба марҳилаи ниҳоии  чемпионати футзали ҷаҳон-2016 дар Колумбияро дорад», – гуфт Ҳусейн Шодиев дар мусоҳибааш ба торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Добавить комментарий