Урдун сармураббияшро иваз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Урдун сармураббияшро иваз кард

Рақиби тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи “В”-и марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 мунтахаби миллии Урдун сармураббияшро иваз кард. Сармураббии нави тими миллии Урдун мутахассиси 59-сола Паул Пут таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Аҳмад Абу Исмолро иваз намуд.

Бо Пут созишномаи алоҳида ба имзо расонида шуд. Таҳти роҳбарии Пут мунтахаби Урдун дар бозии санҷишӣ ба мунтахаби Тринидид ва Тобого бо ҳисоби бузурги 3 бар 0 пирӯз шуд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки моҳи октябри соли 2008 баъди оне ки Паул Пут ба ташкили бозиҳои маслиҳатшуда дар рафти чемпионати Белгия дар мавсими солҳои 2004/05 даст доштанашро иқрор кард, Федератсияи футболи Белгия ӯро барои якумрӣ аз фаъолият кардан дар кишвар барканор сохт. Он вақт мутахассис ба ҳайси сармураббии клуби футболи “Лерс”фаъолият дошт. Баъди додани апелятсия ин муҷозот то се сол муқаррар карда шуд.

Солҳои 2008-2011 Пут мунтахаби Гамбияро тамрин мекард. Соли 2012 мавсуф ба вазифаи сармураббии мунтахаби Буркина-Фасо таъин шуд ва соли 2013 команда ба финали Ҷоми миллатҳои африқоӣ баромад.

Добавить комментарий