Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 12 январ, қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2017 дар минтақаи Душанбе доир гардид.
Чун анъана мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсия дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ баргузор хоҳад шуд. Марҳилаи пешакии мусобиқа дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон доир мегардад.
Дар минтақаи Душанбе марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ рӯзи 26-уми январ шурӯъ мешавад. Марҳилаи мазкур дар минтақаи Суғд 20 январ ва дар минтақаи Хатлон бошад 27 январ шурӯъ хоҳанд шуд.
Дар марҳилаи пешакии мусобиқа дар минтақаи Душанбе нуҳ даста хоҳиши иштирок карданро доранд. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд. Ба гурӯҳи “А”-и мусобиқа дастаҳои «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА «Помир» (Душанбе), «Локомотив-Помир» (Душанбе) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ) ба гурӯҳи «Б» бошад дастаҳои «Ҳосилот» (Фархор), «Барқчӣ» (Душанбе), «Истиқлол» (Душанбе) ва «Хайр» (Ваҳдат) шомил гардонида шуданд.
Тақвими бозиҳо андактар нашр мешавад. Дар минтақаи Душанбе бозиҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм мегузарад. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2017 аз 10 то 19 феврал дар Душанбе доир мешавад.
Мувофиқи тартиби баргузории Ҷоми ФФТ дастаҳое, ки дар минтақаи Душанбе дар гурӯҳи “А” ҷои якум ва дар гурӯҳи “Б” ҷои дуюмро ишғол мекунанд, дар марҳилаи ниҳоӣ ба гурӯҳи “Б” шомил гардонида мешаванд. Дастаи ғолиби гурӯҳи “Б” ва дастаи ҷои дуюми гурӯҳи “А”-и минтақаи Душанбе бошанд, дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа ба гурӯҳи “А” дохил карда мешаванд. Дастаи ҷои якуми марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Суғд дар марҳилаи ниҳоӣ ба гурӯҳи “А” ва дастаи ҷои дуюми марҳилаи пешакии мусобиқа дар минтақаи Суғд ба гурӯҳи “Б” дохил мешаванд. Беҳтарин дастаи марҳилаи пешакии мусобиқа дар минтақаи Хатлон дар марҳилаи ниҳоӣ ба гурӯҳи “Б” ва дастаи ҷои дуюми ин мусобиқа дар марҳилаи ниҳоӣ шомили гурӯҳи “А” хоҳанд шуд.
Мувофиқи тартиби баргузории мусобиқа дастае, ки ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифта, бо ягон сабаб аз иштирок дар он дасткашӣ мекунад ба маблағӣ 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баста мешавад.
Дар Ҷоми ФФТ-2017 давоми баргузории бозиҳо роҳбарони дастаҳо метавонанд 7 бозигарро иваз намоянд. Дар мусобиқа, ичунин дар марҳилаи ниҳоӣ як бозигар наметавонад аз ду даста баромад кунад.
Футболбозони бо як даста шартномадошта, бо мақсади азназаргузарӣ метавонанд танҳо бо иҷозати хатии роҳабарони клубҳояшон аз дигар даста баромад кунанд. Дар сурати халалдор шудани ин банд ба дастае, ки онро риоя накардааст бохти техникӣ бо ҳисоби 0 бар 3 эълон карда мешавад. Дар сурати такрор шудани ин ҳолат даста аз идомаи мусобиқа барканор мегардад.
Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоии мусобиқа бо Ҷоми ФФТ ва медалҳо мукофотонида мешавад. Дастаи финалист бо медалҳои нуқра ва дастаи ҷои сеюм бо медалҳои биринҷи сарфароз мегарданд. Бозигарони беҳтарини мусобиқа бошанд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки барандаи феълии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи футболи “Регар-ТадАз”-и Турсунзода мебошад. Соли гузашта дастаи металлургчиёни тоҷик дар бозии финалӣ бар “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо гардид.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе:
Гурӯҳи «А»: «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА «Помир» (Душанбе), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ).
Гурӯҳи «Б»: «Ҳосилот» (Фархор), «Барқчӣ» (Душанбе), «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат).