То пӯшидашавии равзанаи трансфери тобистона, ки мувофиқи он клубҳои футболи лигаи олии мамлакат имкони дар ҳайати худ барои дар қисми дуюми чемпионат баромад кардан, шомил гардонидани бозигарони навро доранд, ду рӯзи дигар боқӣ монд.
Он тавре, ки қаблан хабар дода будем, давраи бақайдгирии аз як даста ба дастаи дигар гузаштани бозигарон аз 1 то 21 июл муқаррар шуда буд. Ба ин тартиб, то анҷом муҳлати муқарраршуда, ҳамагӣ ду рӯзи дигар боқӣ монд. Баъд аз анҷоми мӯҳлати муқарраршуда, клубҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон дигар ҳуқуқи номнавис кардани бозигарони навро надоранд.
Қисми дуюми мавсими футболи имсолаи кишвар бо баргузории бозиҳои 1\8 финалии Ҷоми Тоҷикистон шурӯъ мешавад. Бозиҳои якум рӯзҳои 23-24 июл ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 30-31 июл доир хоҳанд шуд. Қиси дуюми чеммпионати Тоҷикистон бошад, санаи 6-уми август бо баргузории бозиҳои даври 10-умм оғоз мегардад.