Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мизбони марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 барои мунтахабҳои зери 19-сола (U-19) тасдиқ кард. Марҳилаи интихобӣ аз 28 сентябр то 6 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Инчунин, маълум гашт, ки марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои наврасони зери 16-сола дар Ҳиндустон ва марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа барои ҷавонони зери 19-сола дар давлати Баҳрайн баргузор мешаванд.
Дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 барои наврасони зери 16-сола (U-16), ки аз 12 то 20 сентябр доир мешавад, 45 мунтахаби наврасони Қораи Осиё ба ду гурӯҳ тақсим шуда, иштирок мекунанд. Ба минтақаи ғарбӣ 24 мунтахаб – Сурия, Эрон (мизбони гурӯҳ), Узбекистон, Непал, Қатар (мизбони гурӯҳ), Арабистони Саудӣ, Уммон, Кувайт (мизбони гурӯҳ), АМА, Баҳрайн, Яман, Тоҷикистон, Қирғизистон (мизбони гурӯҳ), Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Фаластин (мизбони гурӯҳ), Урдун, Шри-Ланка, Лубнон, Туркманистон, Бангладеш (мизбони гурӯҳ) ва Малдив шомиланд.
Минтақаи шарқи чемпионат аз 21 мунтахаби наврасон иборат аст, ки инҳо – ҶХДК, Куриёи Ҷанубӣ, Австралия, Малайзия, Ҷопон, Таиланд, Чин, Гонконг, Ветнам, Лаос, Мянма, Сингапур, Филиппин, Тайбэйи Чин, Бруней, Ҷазираҳои Мариании Шимолӣ, Макао, Гуам, Камбоҷа, Муғулистон ва Тимори Шарқӣ мебошанд.
Ҳангоми қуръакашӣ дар минтақаи ғарбӣ 6 гурӯҳи 4 дастагӣ ва дар минтақаи шарқӣ бошад як гурӯҳи иборат аз 5 даста ва 4 квартети 4 дастагӣ созмон дода мешаванд.
Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 (U-16), ки дар Ҳиндустон доир мегардад, ғолибони ҳамаи 11 гурӯҳ ва боз 4 дастаи зинаи дуюми нишондиҳандаҳояшон баланд аз ҳамаи гурӯҳҳо роҳхат мегиранд.
Дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 барои мунтахабҳои ҷавонони зери 19-сола бошад, 43 мунтахаб иштирок мекунад.
Ба минтақаи ғарб 25 даста – Қатар (мизбони гурӯҳ), Узбекистон, АМА, Ироқ, Яман, Эрон (мизбони гурӯҳ), Уммон, Арабистони Саудӣ (мизбони гурӯҳ), Бангладеш, Фаластин (мизбони гурӯҳ), Баҳрайн, Кувайт, Урдун, Ҳиндустон, Лубнон, Туркманистон, Малдив, Покистон, ТОҶИКИСТОН (мизбони гурӯҳ), Непал, Афғонистон, Бутан, Қирғизистон, Шри-Ланка (мизбони гурӯҳ) ва Сурия шомил шуданд..
Минтақаи шарқи мусобиқаро мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи 18 кишвари Осиё ташкил мекунанд, ки инҳо – ҶХДК, Мянма, Ҷопон, Таиланд, Чин, Австралия, Куриёи Ҷанубӣ, Ветнам, Малайзия, Филиппин, Сингапур, Гонконг, Лаос, Тайбэйи Чин, Макао, Бруней, Ҷазираҳои Мариании шимолӣ ва Тимори Шарқӣ мебошанд.
Тавассути қуръакашӣ дар минтақаи ғарби ин мусобиқа як гурӯҳи иборат аз 5 даста ва 5 квартети 4 дастагӣ ва дар минтақаи шарқӣ бошад, ду гурӯҳи 5 дастагӣ ва ду чоргонаи 4 дастагӣ созмон дода мешаванд.
Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 (U-19), ки соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони ҳамаи 10 гурӯҳ ва боз 5 дастаи зинаи дуюми нишондиҳандаҳояшон баланд аз ҳамаи гурӯҳҳо роҳхат мегиранд.
Қайд мекунем, ки қуръакашии марҳилаи интихобии мусобиқаҳои мазкур рӯзи ҷумъаи 5 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор хоҳад шуд.