Командаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон байни дастаҳои футболи кӯдакони ятим иштирок мекунад. Чемпионати мазкур зери унвони «Оянда аз ту вобаста аст» моҳи майи соли оянда пеш аз оғози Ҷоми Ҷаҳон-2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мешавад.
Директори генералии Ширкати «МегаФон» Сергей Солдатенков ва сардори фонди хайриявии британиягии Street Child United Джон Ро оид ба баргузории чемпионати ҷаҳон байни кӯдакони ятим зери унвони «Оянда аз ту вобаста аст» Ёддошти щусни тафощум ба тасвиб расонданд. Мусобиқа моҳи майи соли оянда дар Москваи русия доир мешавад. Барои унвони чемпиониро соҳиб шудан 24 дастаи духтарону писарони синашон аз 14 то 17 сола мусобиқа мекунанд. Дар мусобиқа даста ҳо аз давалтҳои Англия, Белорус, Бурунди, Бразилия, Миср, Зимбабве, Индонезия, Канада, Кения, Либерия, Маврикия, Мексика, Непал, Русия, ИМА, Танзания, ТОҶИКИСТОН, Уганда, Украина, Филиппин ва боз чанд кишвари дигари олам иштирок хоҳанд кард.
«Сар аз соли 2005 мо мусобиқаи «Оянда аз ту вобаста аст»-ро байни дастаҳои футболи бачаҳои ятим ташкилу баргузор мекунем. Ҳадафи асосии мо аз баргузории ин чорабинӣ ба ҳар як кӯдаки ятим фароҳам овардани имконият барои сохтани ояндаи худаш ҳаст. Соли оянда ин имконият ба кӯдакони ятими 22 кишвари дунё даст хоҳад дод», – қайд намуд Солдатенков, ба фонди хайрияи Street Child United изҳори сипосгузорӣ баён намуда.
Сардори фонди хайриявӣ дар навбати худ изҳор намуд, ки чемпионати ҷаҳон байни кӯдакони ятим бар асоси кӯшиши дастҷамъона ташкил карда мешавад. Дар моҳи майи соли оянда, дар арафаи оғози Ҷоми Ҷаҳон дар Русия мо ин чорабиниро баргузор менамоем ва боварӣ дорем, ки одамон ба ин гуна атфоли ятим таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд ва барои ояндаи дурахшони онҳоро сохтан имконият фароҳам меоранд», – гуфт Ро Джон.