Яккачини футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 мақоми чаҳорумро касб кард – Федерация Футбола Таджикистана

Яккачини футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 мақоми чаҳорумро касб кард

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов баромади худро дар Ҷоми Осиё-2024 ба таври арзанда анҷом дод. Дар мусобиқа футзалбозони мо зинаи чорумро ишғол карданд.

Дар бозӣ барои нишонҳои биринҷӣ мунтахаби Тоҷикистон аз тими Ӯзбекистон дар силсилаи пеналти шикаст хӯрд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 5:5 анҷом ёфт, дар зарбаҳои пеналти футзалбозони Ӯзбекистон дақиқтар буданд – 3:1.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок мунтахаби Тоҷикистон қаблан панҷ вохӯрӣ анҷом дода буд. Футзалбозони мо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар тими Кореяи Ҷанубӣ (2:0) пирӯз шуда, инчунин бо дастаҳои Қирғизистон (2:2) ва Ҷопон (1:1) мусовӣ (1:1) карданд. Дар даври чорякниҳоӣ дастаи Тоҷикистон бар тими миллии Афғонистон (2:1) ғолиб шуд. Шогирдони Пайрав Воҳидов дар даври ниманиҳоӣ аз мизбони Ҷоми Осиё-2024, дастаи Тайланд (вақти асосӣ – 3:3) дар силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 5:6 шикаст хӯрданд.

Назари худро бинависед