Ҷуфтҳои бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷуфтҳои бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон маълум шуданд

Ҷуфтҳои бозиҳои ниманиҳоии мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон, ки дар Осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Гулистон идома дорад, маълум шуданд.

Имрӯз, 16 март, дар бозиҳои ниманиҳоӣ «Куктош» бо «Истаравшан» ва КМВА бо «Душанбе-83» вомехӯранд.

Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи 18 март дар бозии ниҳоӣ вомехӯранд.

 

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020

Гурӯҳи «Б»

Даври 2-юм

«Файзканд» – «Истиқлол» – 9:3

Даври 3-юм

«Истаравшан» – «Файзканд» – 2:0

Бозии мавқуфгузоштаи даври 1-ум

«Истиқлол» – «Истаравшан» – 0:10

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Бозиҳои ниманиҳоӣ

16 март (душанбе)

10:30 – «Кӯктош» – «Истаравшан». Варзишгоҳи Бонки миллӣ

14:30 – КМВА – «Душанбе-83». Варзишгоҳи «Баҳористон»

18 март (чоршанбе)

10:30 – Бозӣ барои ҷои сеюм. Варзишгоҳи Бонки миллӣ

14:30 – Финал. Варзишгоҳи «Баҳористон»

Назари худро бинависед