Тими миллии Тоҷикистон ҷамъомади тамриниро дар Дубай ба анҷом расонид – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон ҷамъомади тамриниро дар Дубай ба анҷом расонид

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Дубай ҷамъомади дуҳафтаинаи тамринӣ баргузор кард.

Ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар АМА 25 бозигар ҷалб карда шуд. Бо тасмими ситоди мураббиён ва сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ҳамаи бозигарон ба Бишкек мераванд. Ба дархости ниҳоии даста барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 23 бозигар шомил карда мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон шоми имрӯз аз Дубай ба пойтахти Қирғизистон сафар мекунад.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бозӣ мекунад. Рақибони тими мо яккачинҳои Мянмар (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) хоҳанд буд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор мешаванд.

Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ ғолибони шаш гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарини дар зинаи дуюм ҷойдошта ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

 

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Сиёвуш Асроров («Раҳматганҷ», Бангладеш), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Алиҷони Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»), Меҳрубон Каримов (СК «Пеликан», Туркия);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («Черчилл Бразерс», Ҳиндустон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиклол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мактаарал», Қазоқистон), Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Ҳайати роҳбарикунанда: Азизҷон Достиев – менеҷери даста, Петр Сегрт (Хорватия) – сармураббӣ, Гела Шекиладзе (Гурҷистон) – мураббӣ, Тамаз Бокерия (Гурҷистон) – мураббӣ, Алифбек Беромов – мураббӣ, Владимир Крунич (Черногория) – мураббии тарбияи ҷисмонӣ, Алишер Тӯйчиев – мураббии дарвозабонҳо, Фаррух Авезов – табиб, Саидҷон Эргашев ва Давронбек Ҷӯраев – маҳсгар, Абдураҳим Муҳаммадзода – маъмур.

Назари худро бинависед