Тайланд, Тайбейи Чин ва Ӯзбекистон – рақибони тими занонаи Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 – Федерация Футбола Таджикистана

Тайланд, Тайбейи Чин ва Ӯзбекистон – рақибони тими занонаи Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) рақибони худро дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 пайдо кард.

Тибқи натоиҷи қуръакашӣ, ки имрӯз, 3 ноябр дар қароргоҳи КФО баргузор шуд, мунтахаби занонаи то 20-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е»-и даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Тайланд, Тайбейи Чин ва Ӯзбекистон мебошанд. Мусобиқаи интихобӣ дар ин чаҳоргона аз 4 то 12 марти соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад. 

Ғолибони ҳашт гурӯҳи марҳилаи аввал ба даври дуюми мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 роҳ меёбанд.

 

Натоиҷи қуръакашии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои занонаи то 20-сола чунин аст:

Гурӯҳи «А»: Чин, Лаос (мизбон), Ҳонконг, Филиппин.

Гурӯҳи «В»: Непал, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ, Фаластин (мизбон).

Гурӯҳи «С»: Австралия, Қирғизистон (мизбон), Гуам, Ироқ.

Гурӯҳи «D»: Лубнон, Урдун (мизбон), Муғулистон, Бутан.

Гурӯҳи «Е»: Тайланд (мизбон), Тайбейи Чин, ТОҶИКИСТОН, Ӯзбекистон.

Гурӯҳи «F»: Ветнам (мизбон), Ҳиндустон, Сингапур, Индонезия.

Гурӯҳи «G»: Мянмар, Малайзия, Покистон, Камбоҷа (мизбон).

Гурӯҳи «Н»: Эрон, Бангладеш (мизбон), Туркманистон.

Назари худро бинависед