«Соро компания» ва «Сипар» боз рӯбарӯ мешаванд. Ин бор дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2021 – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» ва «Сипар» боз рӯбарӯ мешаванд. Ин бор дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2021

Дастаҳои футзали «Соро компания»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд боз бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Ин бор дар бозӣ барои дарёфти ЖАРА-Ҷоми футзали Тоҷикистон-2021, ки рӯзи якшанбеи 7-уми ноябр дар душанбе баргузхор хоҳад шуд.

Бозиҳои ниманиҳоӣ барои дарёфти ЖАРА-Ҷоми футзали Тоҷикистон-2021 ҷамъбаст шуданд. Дар бозиҳои мазкур «Соро компания» бар «Вавилон» (8:3, 7:5) ва «Сипар» бар “Истӣиқлол” (5:2, 5:0) дастболо шуданд.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 7-уми ноябр “Сипар”-и Хуҷанд ва ҚСоро компания”-и Душанбе вориди майдони рақобат мешаванд. Ин бозӣ дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғозӣ вохӯрӣ – соати 16:00.

Ёдрас мешавем, ки ҷоизапулии Ҷоми футзали Тоҷикистон, ки сарпарасти унвонии он Ширкати нӯшокиҳои нурӯбахши «ЖАРА» мебошад, 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби Ҷоми мазкур 7 ҳазор сомонӣ ва дастаи финалист бошад 3 ҳазор сомониро соҳиб мешаванд.

 

ЖАРА-Ҷоми футзали Тоҷикистон-2021

Бозии ниҳоӣ

7 ноябр (якшанбе)

Оғоз – соати 16:00

«Сипар» – «Соро компания»

Душанбе, Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ

Назари худро бинависед