Пеш аз финали МегаФон-Ҷоми Тоҷикистон-2025 байни бошгоҳҳои «Соро компания»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд, дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и пойтахт ҷаласа баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футзали кишвар, масъулини бозӣ ва мудирони дастаҳо иштирок карданд.
Тибқи анъана, дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ шуда, ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуданд. Мизбонони номиналӣ «Соро компания» либосҳои сабз ва «Сипар» либосҳои сафед мепӯшанд.
Дар арафаи бозии ниҳоӣ инчунин нишасти матбуотӣ баргузор шуд, ки дар он сармураббиёни дастаҳо Пайрав Воҳидов («Соро компания») ва Сергей Коридзе («Сипар») иштирок доштанд. Ҳарду мураббӣ қайд кард, ки дастаҳои онҳо азму иродаи қавӣ нишон дода, барои ин ҷоизаи бонуфуз мубориза мебаранд.
Бозии ниҳоии МегаФон-Ҷоми Тоҷикистон-2025 10 декабр дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор гашта, соати 18:00 оғоз мешавад.