Шумо қаҳрамонони воқеии даврони мо ҳастед! – Федерация Футбола Таджикистана

Шумо қаҳрамонони воқеии даврони мо ҳастед!

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон бозиҳои имрӯзаи чемпионати кишвар байни дастаҳои КМВА – “Хуҷанд” ва “Душанбе-83” – “Истиқлол” ба хотири дастгирии табибони тамоми ҷаҳон, ки ба пандемияи коронавирус мубориза мебаранд, зери шиори “Шумо қаҳрамонони воқеии даврони мо ҳастед!” баргузор мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки дӯстдорони футбол имконият доранд ин бозиҳоро ба таври мустақим тавассути интертнет дар платформаи Mycujoo.tv ва ё дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон тамошо кунанд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

8 апрел (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

КМВА – «Хуҷанд»

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Фаррух Ҳусейнзода (Ҷалолиддини Балхӣ).

Душанбе, Варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

8 апрел (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед