Рефери ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов аз хидматрасонии ду даври бозиҳои ЛФТ барканор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Рефери ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов аз хидматрасонии ду даври бозиҳои ЛФТ барканор шуд

Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинови душанбегиро аз хидмати бозиҳои Лигаи футболи кишвар барои ду давр маҳрум кард.

Кумитаи доварони ФФТ ҳисоботи нозири доварони бозии даври шонздаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ миёни «Файзканд» ва «Душанбе-83» (1:1) Абдулло Алимов-ро аз ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ба сардовари бозӣ Сайёдҷон Зайниддинов баҳои ғайриқаноатбахш додааст, баррасӣ кард. Дар дақиқаи 56-уми бозӣ довари асосӣ ба хатогӣ роҳ дода, ба дарвозаи дастаи Файзканд зарбаи пеналтӣ таъин накард.

Пас аз баррасӣ ва муҳокимаи ин масъала, Кумитаи доварони ФФТ тибқи моддаи 2, банди 2 ва банди 2.3-и Кодекси интизомии доварони ФФТ қарор кард, ки довар Сайёдҷон Зайниддинов аз хидматрасонии ҳамаи бозиҳои ЛФТ барои ду даври навбатӣ маҳрум карда шавад.

Назари худро бинависед