«Равшан» аввалин бор дар таърихи худ барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Равшан» аввалин бор дар таърихи худ барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд

«Равшан»-и Кӯлоб таҳти роҳбарии Аҳлиддин Турдиев барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2024 гардид.

Дар шаҳри Ҳисор сездаҳумин мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар бозии ниҳоӣ дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар бошгоҳи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Муаллифи голи ғалабаовар футболбози нави тими шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Зарипов гардид, ки дар ниҳоят беҳтарин бозигари финал эътироф шуд.

Дар рақобат барои ҷойи сеюм КМВА-и Душанбе бар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.

 

Ҳамаи финалҳои Ҷоми ФФТ (2012-2024):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯйи пеналти – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

2019 – «Куктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Куктош» (Рӯдакӣ) – 1:2

2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1

2022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:4

2023 – КМВА (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2024 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:0

Назари худро бинависед