Рақиби мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаҳои Уммон, Малайзия, Шри-Ланка ва Кореяи Шимолӣ мебошанд – Федерация Футбола Таджикистана

Рақиби мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаҳои Уммон, Малайзия, Шри-Ланка ва Кореяи Шимолӣ мебошанд

Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 21 то 29 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, муайян шуданд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «Е» якҷо бо дастаҳои Уммон, Малайзия, Шри-Ланка ва ҶХДК ҷойгир гардид. Бозиҳо дар гурӯҳи мо аз 21 то 29 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Бар асоси натиҷаи марҳилаи интихобӣ 10 ғолиби гурӯҳ ва 5 дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат мегиранд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 6 то 23 феврал дар Чин баргузор мешавад.

Назари худро бинависед