Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Доҳа бо тими миллии Тоҷикистон мулоқот кард – Федерация Футбола Таджикистана

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Доҳа бо тими миллии Тоҷикистон мулоқот кард

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Қатар имрӯз, 22 январ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуд.

Сарвари давлат зимни суҳбати самимӣ бо дастаи мунтахаби кишвар рушди футбол дар Тоҷикистон, дастгириҳои давлатӣ, оммавигардонии футбол ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ватандӯстӣ ва ифтихор аз кишвари худ даъват намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо даста қайд кард, ки ҳунарнамоии тими миллии Тоҷикистонро дар нахустин иштирокашон дар Ҷоми Осиё пайгирӣ карда, ба футболбозон дар бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё муқобили мунтахаби Лубнон, ки имрӯз, 22 январ дар Доҳа баргузор мешавад, комёбӣ таманно намуд.

Назари худро бинависед