Дар минтақаҳо мусобиқа байни дастаҳои лигаи дуюми Тоҷикистон ба охир расид.
Командаи “Динамо”-и пойтахт дар шаҳри Душанбе, дастаи “Пахтакор” аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вилотяи Суғд, дастаи «Кӯшон»-и ноҳияи Кӯшониён дар вилояти Хатлон ва дастаи «Меҳргон»-и ноҳияи Нуробод дар минтақаи Рашт ғолиб шуданд.
Тибқи низомномаи мусобиқа байни дастаҳои Лигаи дуюми кишвар ғолибони мусобиқаҳои минтақавӣ бояд дар марҳилаи ниҳоӣ рақобат карда, се дастаеро муайян мекарданд, ки соли оянда ҳуқуқи дар лигаи якуми Тоҷикистон иштирок намуданро доранд. Аммо, бо сабабҳои хуруҷи пандемияи коронавирус ва мушкилоти молиявии дастаҳо, Шӯрои Кумитаи иҷроияи ФФТ қарор кард, ки ин чор даста – “Динамо”, “Пахтакор”, “Кӯшон” ва “Меҳргон” бидуни иштирок дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа дар сурати гузаштан аз тартиби литсензиякунонӣ ҳақ доранд, ки соли оянда дар Лигаи якуми мамлакат иштирок намоянд.