Пагоҳ дар меҳмонхонаи «Серена» нишасти хабарӣ пеш аз оғози чемпионати CAFA-2023 (U-17) барпо мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

Пагоҳ дар меҳмонхонаи «Серена» нишасти хабарӣ пеш аз оғози чемпионати CAFA-2023 (U-17) барпо мегардад

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! Пагоҳ, 19 август дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе бахшида ба оғози чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола нишасти матбуотӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 11:45.

Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон посух хоҳанд дод.

Қабл аз оғози нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон метавонанд барои инъикоси ин мусобиқа бейҷҳои аккредитатсионӣ гиранд.

Бояд гуфт, ки чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 20 то 27 август дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Назари худро бинависед