Пагоҳ дар Ҳисор чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Пагоҳ дар Ҳисор чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола оғоз мешавад

Фардо, 20 август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 17-сола оғоз мешавад. Дастаҳои панҷ кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон барои медалҳо мубориза мебаранд.

Барои иштирокчиён мусобиқаи дарпешистода як марҳилаи хуби омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 (U-17) ба ҳисоб меравад, ки моҳи октябри соли оянда баргузор мешавад. Аз ин рӯ, дар мусобиқаи болозикр дастаҳои наврасони то 15-сола баромад мекунанд.

Дар остонаи оғози чемпионати CAFA-2023 дар меҳмонхонаи «Серена»-и Душанбе бо иштироки намояндагони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, намояндагони дастаҳо ва кумитаи тадорукот ҷаласа баргузор шуд. Дар ҷамъомад масъалаҳои умумии ташкилӣ ва муҳимтарин нуктаҳои низомнома муҳокима карда шуданд.

Дар доираи мусобиқа ҳамагӣ 10 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи холҳо муайян мегардад.

 

🏆 Чемпионати CAFA-2023 миёни наврасон (U-17)

🔺 Иштирокчиён:

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇮🇷 Эрон

🇺🇿 Ӯзбекистон

🇦🇫 Афғонистон

🇰🇬 Қирғизистон

 

Даври 1

📅 20 август (якшанбе)

18:00 – 🇰🇬 Қирғизистон – 🇦🇫 Афғонистон

21:00 – 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇮🇷 Эрон

 

Даври 2

📅 21 август (душанбе)

18:00 – 🇦🇫 Афғонистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

21:00 – 🇰🇬 Қирғизистон – 🇺🇿 Ӯзбекистон

 

Даври 3

📅 23 август (чоршанбе)

18:00 – 🇮🇷 Эрон – 🇦🇫 Афғонистон

21:00 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇰🇬 Қирғизистон

 

Даври 4

📅 25 август (ҷумъа)

18:00 – 🇮🇷 Эрон – 🇰🇬 Қирғизистон

21:00 – 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

 

Даври 5

📅 27 август (якшанбе)

18:00 – 🇦🇫 Афғонистон – 🇺🇿 Ӯзбекистон

21:00 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇮🇷 Эрон

Назари худро бинависед