Ғолибон ва ҷоизадорони лигаҳои «Пешсаф» қадрдонӣ гардиданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ғолибон ва ҷоизадорони лигаҳои «Пешсаф» қадрдонӣ гардиданд

Дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе дар як чорабинии мутантан аз лигаҳои наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» байни бозигарони то 14 ва 16-сола натиҷагирӣ карда шуд. 

Дар чорабинӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, дабири кулли ФФТ Фурқат Ахмедҷонов, аъзои Кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов ва Анвар Мирзоев, директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров, директори ЛФКНТ Увайдо Давлатбеков, собиқ капитани тими миллии Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов, роҳбарони мактабҳои кӯдакону наврасони кишвар, собиқадорони футбол ва дигар меҳмонони фахрӣ ҳузур доштанд.

Ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода маросими ҷоизасупориро бо суханронии худ оғоз бахшида, ҳамаи ғолибон ва ҷоизадоронро бинобар анҷоми бомуваффақияти мавсим табрик гуфт.

Дар лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» миёни бозигарони то 14-сола тими «Суғд-1» медалҳои тиллоро ба даст овард. Медалҳои нуқра аз они ММВЗО «Соро компания» ва медалҳои биринҷӣ насиби футболбозони МҶМОВ гардиданд.

Байни бозингарони то 16-сола МҶМОВ-и пойтахт ғолиб шуд. Нишонҳои нуқра ба «Хатлон»-и Бохтар рафт. Бозигарони «Ҷавонӣ»-и ноҳияи Ҷабор Расулов ​​соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Дар маросим ҳамчунин барандагони ҷоизаҳои инфиродӣ низ қадрдонӣ карда шуданд.

Назари худро бинависед