Нишасти навбатии Кумитаи назорати интизоми ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Нишасти навбатии Кумитаи назорати интизоми ФФТ

Рӯзи панҷшанбеи 1-уми июл, таҳти раёсати Тоҳир Нурзода нишасти навбатии Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гашт. Дар ҷаласа қоидавайронкуниҳо дар бозиҳои Лигаи футболи мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ба қоидавайронкунандаҳо тибқи Кодекси назорати интизоми ФФТ ҷазо таъин гардид.

Аз ҷумла, барои халалдор намудани банди 12 боби 5 Кодекси назорати интизоми Федератсия, ки таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ҳагоми баргузории бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро ифода менамояд, дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар бозии хонагии худ муқобили “Равшан”-и Кӯлоб (21 июн) ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. Дар ҳамин бозӣ сармураббии дастаи “Кӯктош” Ҳикматулло Шарипов низ барои халалдор намудани банди 2 боби 6 Кодекси назорати интизоми Федератсия, ки таҳқир намудани ҳайати доваронро ифода мекунад, аз ҳақи иштирок намудан дар 3 бозии навбатӣ барканор шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Инчунин, барои халалдор намудани банди мазкури Кодекси назорати интизоми ФФТ ёвари сармураббии дастаи “Эсхата” Ниёзалӣ Бобохонов дар бозӣ бо “Хуҷанд” (27 июн) аз ҳақи иштирок намудан дар 3 бозӣ маҳрум шуда, ба маблағи 1000 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Кумитаи назорати интизоми ФФТ ба дигар қоидавайронкунҳои Лигаи футболи Тоҷикистон низ мутобиқи қоидавайронкуниҳояшон ҷазо таъин намуд.

Назари худро бинависед