Нишасти матбуотии пеш аз бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 миёни дастаҳои «Хуҷанд» – «Марв» пагоҳ баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Нишасти матбуотии пеш аз бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 миёни дастаҳои «Хуҷанд» – «Марв» пагоҳ баргузор мешавад

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! Пагоҳ, 21 август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дар остонаи бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ миёни тимҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Марв» (Туркманистон) нишасти матбуотӣ доир мегардад. Оғоз соати 11:00.

Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Марв» – Фаррух Марофиев ва Виталий Аликперов ва ҳамчунин як бозигарӣ аз ҳарду даста посух хоҳанд дод.

Қабл аз нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон метавонанд бейҷҳои аккредитатсионии худро гиранд.

Телефон барои маълумот: (+992) 918667387 (Фаридун Солиев).

 

Назари худро бинависед