Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ

Имрӯз, 8-уми август дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳои дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон рӯйдода баррасӣ шуданд.

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 7, бандҳои 19 ва 20-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Ҳосилот» – «Хатлон» (3 август), бозигари тими «Хатлон» Умарҷон Шарифов бинобар таҳқири шахсони расмӣ ва туф кардан ба рӯйи ёвари довари марказӣ аз ҳаққи ширкат дар 4 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои нақзи моддаи 7 банди 28.1-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Файзканд» – КМВА (3 август), бозигари КМВА Комрони Мирзохон бинобар рафтори дағалона аз 2 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Файзканд» – КМВА (3 август), дастаи «Файзканд» бинобар риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқа ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 23-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» – «Хуҷанд» (4 август), бозигари тими «Равшан» Абдулфаттоҳ Худойдодзода бинобар барқасдона бо пой задани ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 5, бандҳои 12 ва 13-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» – «Хуҷанд» (4 август), дастаи «Равшан» бинобар таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ва риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқа ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 25-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Эсхата» – «Регар-ТадАЗ» (4 август), бозигари тими «Эсхата» Олимҷон Каримов барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 14-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар пешниҳод накардани хулосаи духтур пас аз бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Эсхата» – «Регар-ТадАЗ» (4 август) ифода ёфтааст, тими «Регар-ТадАЗ» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Куктош» – «Истиқлол» (4 август), тими «Куктош» бинобар таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои нақзи моддаи 7, банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ дар мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ»-2023 миёни дастаҳои «Хатлон» –  КМВА (19 июл), бозигари дастаи «Хатлон» Маъруф Умаров бинобар таҳқири шахсони расмӣ аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум карда шуд.

– Барои нақзи моддаи 6, банди 2-и Кодекси интизомии ФФТ дар мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ»-2023 миёни дастаҳои «Хатлон» – КМВА (19 июл), менеҷери дастаи «Хатлон» Абдулло Баротов бинобар таҳқири шахсони расмӣ аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 6, банди 2-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Ҷоми Ҷавонӣ-2023 миёни дастаҳои «Хатлон» – КМВА (19 июл), корманди хадамоти безатарии дастаи «Хатлон» Суҳроб Баротов бинобар таҳқири шахсони расмӣ аз 3 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Назари худро бинависед