Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ

Имрӯз, 3-юми август дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳои дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон рӯйдода баррасӣ шуданд.

 

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5 банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни бошгоҳҳои «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» (30 июл), тими «Хуҷанд» барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ба маблағи 3000 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 24-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Файзканд» – «Саройкамар» (29 июл), бозигари тими «Файзканд» Муҳсинҷон Абдуғаффоров барои задани ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 24-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Файзканд» – «Саройкамар» (29 июл), бозигари тими «Саройкамар» Ислом Шодиев барои задани ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

– Барои нақзи моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Ҳосилот» – «Барқчӣ» (29 июл), бозигари дастаи «Барқчӣ» Баракатулло Нигматуллозода барои таҳқири ҳайати доварон аз ҳаққи ширкат дар 5 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима шуд. 

– Барои нақзи моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Ҳосилот» – «Барқчӣ» (29 июл), бозигари дастаи «Барқчӣ» Диловар Ҷамшедзода бинобар таҳқири ҳайати доварон аз ҳаққи ширкат дар 5 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Панҷшер» – «Эсхата» (30 июл), тими «Панҷшер» бинобар таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ дар ҳаҷми 300 сомонӣ ҷарима карда шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Моҳир» – «Истаравшан» (30 июл), дастаи «Моҳир» бинобар таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои нақзи моддаи 2 банди 6-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Ҷоми «Ҷавонӣ»-2023 миёни дастаҳои «Эсхата» – «Ҳосилот» (15 июл), мураббии дастаи «Ҳосилот» Толиб Темуров бинобар таҳқири ҳайати доварон аз ҳаққи 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои нақзи моддаи 7 банди 23-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Ҷоми «Ҷавонӣ»-2023 миёни дастаҳои КМВА – «Истиқлол» (15 июл), бозигари тими КМВА Рустам Давлатов барои задани ҳариф аз 3 бозӣ маҳрум карда шуд.

Назари худро бинависед