Мунтахаби занонаи Тоҷикистон чемпионати CAFA-2022-ро бо мусовӣ оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби занонаи Тоҷикистон чемпионати CAFA-2022-ро бо мусовӣ оғоз кард

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар бозии якуми қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Душанбе бо тими Туркманистон натиҷаро мусовӣ кард (1:1).

Ба голи Муниса Мирзоева дар дақиқаи 6-уми вохӯрӣ футболбозони туркман бо зарбаи дақиқи Светлана Прянникова дар нимаи дуввуми бозӣ ҷавоб доданд.

Дар бозии дигари даври аввали чемпионати CAFA-2022 мунтахаби Эрон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст овард.

Бозиҳои даври дуюми чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона рӯзи 11 июл баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занона аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

 

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои занона

Даври 1

Туркманистон – ТОҶИКИСТОН – 1:1

Голҳо: Муниса Мирзоева, 6 (0:1). Светлана Прянникова, 66 (1:1).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Лайло Ҳалимова (Тоҷикистон).

8 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 97 тамошобин.

 

Қирғизистон – Эрон – 0:1

Гол: Шабнам Беҳешт, 53.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шабнам Беҳешт (Эрон).

8 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 52 тамошобин.

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2

11 июл (душанбе)

19:00 – Туркманистон – Қирғизистон

22:00 – ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон

 

Даври 3

14 июл (панҷшанбе)

19:00 – Ӯзбекистон Туркманистон

22:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 4

17 июл (якшанбе)

19:00 – Эрон – Туркманистон

22:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон

 

Даври 5

20 июл (чоршанбе)

19:00 – Ӯзбекистон – Эрон

22:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Назари худро бинависед