Мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ муқобили тими миллии Филиппин омодагӣ мегирад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ муқобили тими миллии Филиппин омодагӣ мегирад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ барои ҷойи сеюми мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2024» муқобили тими миллии Филиппин омодагӣ мегирад.

Имрӯз дастаи мо дар Куала-Лумпур тамринҳои навбатии худро баргузор кард, ки якуним соат давом намуданд. Дар гурӯҳи умумӣ 21 бозигар иштирок дошт. Ҳимоятгар Зоир Ҷӯрабоев ба далели ҷароҳат доштан дар рақобат муқобили Филиппин ширкат намекунад.

Қобили зикр аст, ки вохӯрии дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (13:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед