Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) аз тими наврасони Эрон шикаст хӯрд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) аз тими наврасони Эрон шикаст хӯрд

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов дар шаҳри Тошканд бозии дуюмашро доир кард.

Дастпарварони Раҳматулло Фузайлов дар даври дуюм аз ҳамсолони худ аз Эрон бо ҳисоби 1:2 ба шикаст хӯрданд. Голи ягонаро аз дастаи мо Беҳрӯз Хӯҷаев зад. Ризо Гандипур аз ҳайати эрониҳо дубл анҷом дод.

Мунтахаби Ӯзбекистон (U-16) дар бозии дигари даври дувуми мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов бар тими Ҷопон (U-16) пирӯз шуд – 3:0.

Дар даври ниҳоӣ рӯзи 27-уми август мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мешавад.

 

Мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов байни дастаҳои наврасони то 16-сола

Даври 1

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Ҷопон (U-16) – 0:2

Голҳо: Шунго Сугиура, 59 (0:1). Шота Кофие, 88 (0:2).

23 август. Тошканд. Майдони Академияи «Бунёдкор».

 

Ӯзбекистон (U-16) – Эрон (U-16) – 1:1

 

Даври 2

Эрон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 2:1

Голҳо: Ризо Гандипур, 43 (1:0). Ризо Гандипур, 60 (2:0). Беҳрӯз Хӯҷаев, 62 (2:1).

Пеналтиро иҷро карда натавонист: Шеравган Саидов (Тоҷикистон), 28 – дарвозабон.

25 август. Тошканд. Варзишгоҳи Қибрай.

 

Ҷопон (U-16) – Ӯзбекистон (U-16) – 0:3

 

Дар даври 3-юм вомехӯранд:

27 август (шанбе)

15:30 – Ҷопон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»

17:00 – Ӯзбекистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»

Назари худро бинависед