Мунтахаби футзали Тоҷикистон ҷамъомади тамриниро дар АМА хотима дода, барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2022 ба Кувайт рафт – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ҷамъомади тамриниро дар АМА хотима дода, барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2022 ба Кувайт рафт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ҷамъомади ниҳоии тамриниро дар Амороти Муттаҳидаи Араб анҷом дода, барои ширкат дар қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ба Кувайт рафт.

Дар рӯзи ниҳоии ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб мунтахаби Тоҷикистон бо бошгоҳи футзали «Ал-Иттиҳод Калба» бозии санҷишӣ анҷом дод.  Роҳбарии ин тимро мутахассиси маъруфи сербӣ Деян Дедович, ки замоне дар Тоҷикистон кор кардааст, бар ӯҳда дорад. Вохӯрии дӯстона бо пирӯзии шогирдони Пайрав Воҳидов – 5:3 анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мо Бахтиёр Солиев ду гол, Файзалӣ Сардоров, Собирҷон Гуляков ва Иқбол Воситзода як голии дигар заданд. 

Қобили зикр аст, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои футзали Баҳрайн (27 сентябр), Ӯзбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) мебошанд.

 

Бозиҳои санҷишӣ

Малиҳа (АМА) – Мунтахаби Тоҷикистон – 1:4

Голҳои Тоҷикистон: Идрис Ёров (2), Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов.

Дастаи Тоҷикистон (панҷгонаи аввал): Фирӯз Бозмамадов, Рустам Ҳамидов, Собирҷон Гуляков, Муҳаммадҷон Шарифов, Умед Кузиев.

 

«Ал-Иттиҳод Калба» (АМА) – Мунтахаби Тоҷикистон – 3:5

Голҳои Тоҷикистон: Бахтиёр Солиев (2), Файзалӣ Сардоров, Иқбол Воситзода, Собирҷон Гуляков.

Дастаи Тоҷикистон (панҷгонаи аввал): Фирӯз Бекмуродов, Умед Кузиев, Муҳаммад Шарипов, Рустам Ҳамидов, Собирҷон Гуляков.

Назари худро бинависед