Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар остонаи бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «С» бо мунтахаби ҷавонони Урдун тамринҳои охиринро анҷом дод.
Машқҳои пеш аз бозӣ дар варзишгоҳи «Динамо»-и шаҳри Тошканд барпо гардида, як соат давом карданд.
Пагоҳ, 2 март бозии якуми худро дар Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Урдун баргузор менамояд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд соати 17:00 оғоз мешавад.
🏆 Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонон (U-20)
⚽️ Гурӯҳи «С». Даври 1
📅 2 март (панҷшанбе)
🕰 Оғоз – соати 17:00
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇯🇴 Урдун
🏟 Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»