Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт! – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт!

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» мақоми аввалро ишғол намуда, ба қисми ниҳоии мусобиқот, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ ёфт. 

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ бар ҳамсолони худ аз Камбоҷа бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои Амадонӣ Камолов ва Бежан Нишонбойзода ба тими мо пирӯзии муҳим оварданд.

 

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола

Гурӯҳи «I». Даври 3

ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа – 2:1

Голҳо: Амадонӣ Камолов, 58 (1:0). Сокнет Хав, 64 (1:1). Бежан Нишонбойзода, 79 – аз пеналтӣ (2:1).

18 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5000 тамошобин.

 

Лубнон – Сингапур – 6:1

Назари худро бинависед