Хушбахтона, шумораи футболбозони легионери Тоҷикистон боз ду нафари дигар зиёд шуд. Муҳофизони тими миллии Тоҷикистон ва “Истиқлол”-и Душанбе – Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров собиқаи бизигарии худро дар ҳайати қаҳрамони феълии Про-лигаи Эрон – бошгоҳи футболи “Персеполис” идома хоҳанд дод.
Ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи футболи шаҳри Душанбе тамоми ҷузъиётҳои гузаштани ҳарду ба ҳайати “Персеполис” мувофиқа шудааст ва баъд аз муоинаи тиббӣ шартномаи бозигарон ба тасвиб расонида мешавад. Муҳлати қарордод то 30 июни соли 2024 мебошад.
Роҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” ба муҳофизон барои саҳмгузорияшон дар комёбиҳои даста сипосгузорӣ намуда, ба онҳо дар ҳайати “Персеполис” барору муваффақиятро таманно намуд.