Мавсими нави лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мавсими нави лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз шуд

Чор бозии даври аввали мавсими нави чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид

Дар даври аввал 14 гол зада шуд. Ҳисоби калонтарин дар бозии дастаҳои «Файзканд» ва «Истаравшан» сабт шудааст. Футболбозони истаравшанӣ ба дарвозаи восегиҳо панҷ голи беҷавоб заданд. Муаллифи голи аввалин дар мавсими соли 2022 легионери камерунии “Истаравшан” Мбеке Сиёбатчу Деудони гардид, ки дар дақиқаи 35-уми вохӯрӣ аз зарбаи ҷаримавии 11-метра ба задани гол даст ёфт.

Бозии «Регар-ТадАЗ» ва «Равшан»-и Зафаробод мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт.

Дар дербии Хуҷанд байни бошгоҳҳои «Эсхата» ва «Хуҷанд» дастпарварони Ҳамид Каримов пирӯз шуданд – 1:0. Ва дар дербии ҷануб «Хатлон»-и Бохтар ва «Равшан»-и Кӯлоб комёбӣ насиби шогирдони Аслиддин Ҳабибуллоев шуд – 3:1.

 

Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Даври 1

«Файзканд» – «Истаравшан» – 0:5

Голҳо: Мбеке Сиёбатчу Деудони, 35 – аз пеналтӣ (0:1). Отабек Зокиров, 57 (0:2). Мбеке Сиёбатчу Деудони, 69 (0:3). Отабек Зокиров, 78 (0:4). Амирҷон Сафаров, 82 (0:5).

 

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» (Зафаробод) – 2:2

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 46 (1:0). Беҳрӯз Дӯстмуродов, 54 (1:1). Бахтиёр Зарипов, 55 (1:2). Фаридун Давлатов, 90+1 (2:2).

 

«Эсхата» – «Хуҷанд» – 1:0

Гол: Шаҳзод Абдураҳимов, 90+3.

 

«Хатлон» – «Равшан» (Кӯлоб) – 3:1

Голҳо: Тоҳирҷон Тағойзода, 7 (1:0). Парвиз Боқи-Охунов, 21 (2:0). Хайриддин Тӯрахонов, 69 (3:0). Абдухалил Боронов, 77 (3:1).

Назари худро бинависед