Сармураббии дастаи мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон Марко Раҷини натиҷаи ду бозии дастаро бо Чехия (1:6) ва ИМА (1:2) дар Ҷоми ҷаҳон-2025 шарҳ дод.
«Ҷоми ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола пеш аз ҳама барои бозигарони мо як таҷрибаи бузург аст. Мусобиқаҳое ба монанди ин барои рушд ва ояндаи онҳо ҳамчун футболбоз муҳиманд. Мо ду бозӣ кардем ва бояд объективӣ бошем: сатҳи омодагии рақибони мо аз ҷиҳати ҷисмонӣ, техникӣ ва тактикӣ хеле баланд аст», – қайд кард Раҷини.
ДАР БОРАИ БОЗӢ МУҚОБИЛИ ЧЕХИЯ
«Рақобат муқобили Чехияро метавон «осебзо» номид. Мо дар ҳафт дақиқа се гол сар додем – ҳамааш аз сабаби хатоҳои инфиродӣ дар як хат. Ин давраи кӯтоҳ, вале дарднок асосан натиҷаи бозиро муайян кард. Мо дар нимаи дуюм баробар ҳунарнамоӣ кардем, аммо дар вақти иловагӣ боз иштибоҳҳои содда карда, ниҳоят ба ҳисоби калон мағлуб гаштем. Ин нишон дод, ки бозигарони мо дар чунин мусобиқаҳои бузург таҷриба надоранд», – шарҳ дод мураббӣ.
ДАР БОРАИ БОЗӢ БО ИМА
«Дар вохӯрии дуюм бо дастаи ИМА тими мо оромтар ба назар мерасид. Мо нахуст шуда гол задем, аммо амрикоиҳо боғазаб кор карданд ва ба мо имкон надоданд, ки услуби маъмулии худро бозӣ кунем. Пас аз он ки дастаи ИМА ҳисобро баробар кард, мо маҷбур шудем қувваи зиёд сарф кунем ва дар нимаи дуюм фишори рақиб афзоиш ёфт. Аз зарбаи кунҷӣ ва пеналти гол заданд – ҳарду гол аз ҳолатҳои стандартӣ.
Ҳамчунин бояд қайд кард, ки моҳи ноябр аст ва мавсими футбол барои бозигарони мо ба охир мерасад, аз ин рӯ онҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ аз рақибони худ заифтаранд. Ғайр аз ин, сатҳи лигаҳое, ки бозигарони мо дар онҳо баромад мекунанд, нисбат ба рақибонашон хеле паст аст.
Бо вуҷуди шикаст аз ИМА ман аз рӯҳияи бачаҳо ва омодагии онҳо барои рақобатпазирӣ хушҳолам. Мо ягон имкониятҳои голзанӣ надоштем, аммо даста нишон дод, ки онҳо ҳатто дар шароити душвор метавонанд мубориза баранд», – қайд кард Марко Раҷини.|
ДАР БОРАИ БОЗИИ НАЗДИК БО БУРКИНА-ФАСО
«Мо бояд аз нав муттаҳид шавем, аз таҷрибаҳои худ сабақ гирем ва дар рақобат бо дастаи қавитарини гурӯҳ – ба андешаи ман – Буркина-Фасо бо қувваи нав ба майдон бароем. Аз ҳамин лаҳза мо бояд ҳама чизро аз нав оғоз кунем», – гуфт Марко Раҷини.